Сӯхторҳои шиддатноки Калифорния даҳҳо ҳазор нафарро маҷбур ба фирор кардаанд

Бо афзоиши сӯхторҳои табиӣ дар иёлоти Калифорнияи ИМА даҳҳо ҳазор нафар сокинони соҳили кӯли Тоҳо, ки як маркази муҳими сайёҳӣ ба шумор меравад, маконро ба шиддат тарк кардаанд. Ин оташсӯзӣ то кунун беш аз 77 ҳазор гектарро сӯзонда ва фақат 16 дарсади он хомӯш карда шудааст.

Беш аз 3500 маъмури оташнишонӣ барои муқобила бо ин оташсӯзӣ, ки беш аз ду ҳафта ба инҷониб идома дорад, ҷалб шудаанд.

Мақомоти маҳалли маҷбур шудаанд як бемористон дар минтақаро аз беморон холӣ кунанд.

То кунун аз захмӣ шудани 5 нафар дар ин сӯхтор гузориш расидааст ва беш аз 700 хона оташ гирифта ва ё қисм ан зарар дидааст.

Созмони ҷангалдории Амрико ҳам эълон кардааст, ки  ба далели ин сӯхторҳо роҳи вуруд ба кулли ҷангалҳои ин минтақа то 17-уми сентябр баста хоҳанд шуд. 

барчасп: