Ин ҳодиса 31-уми августи соли 1997 рух дода буд. Ва бо гузашти 24 сол аз марги фоҷеабори маликаи Британияи Кабир Диано ҳамоно ҷузъиёти он мушаххасан маълум нест. Ахиран вакили мудофиаи рафиқи Диано Додӣ ал-Файёд китоберо дар Британияи Кабир интишор дод, ки саҳфаҳои торики ин фоҷеаро рушан мекунад. Хулосаи вакили мудофиа он аст, ки марги Диано ҳаргиз ҳодисаи тасодуфӣ набуд. Он метавонад як нақшаи қаблан тарҳрезишуда бошад. Адвокат Майкл Мэнсфилди 67-сола дар ҷаласаҳои додгоҳи олии Лондон аз манофеи Муҳаммад-ал-Файёд ҳимоя мекард ва бар ин назар аст, ки дар рафти мурофиаи судӣ бисёре аз ҷузъиёти ин фоҷеа нокушода монд.
Қазияи куштори малика Диано аз ҷумлаи муаммоҳои беш аз ду даҳсолаи охир аст. То ба ин дам тафтишот наметавонад ба парванда нуқта гузорад ва додгоҳ ҳукмеро содир намекунад. Сабаб нокифоя будани далоили ғуншуда ва мураккабии таҳлили омилҳои фоҷеа мебошад. Таҳлили рўйдодҳои умри кўтоҳи малика Диано нишон медиҳад, ки бештар аз дигарон матбуоти Британияи Кабир бо дахолати ҷову ноҷои худ, сабабгори дилсардиҳо миёни зану шавҳар Диано ва вориси тахту тоҷ шоҳзода Чарлз шудаанд.
Мухтасари зиндагиномаи малика Диано ин аст:
Диано Фрэнсис Спенсер 1 июли соли 1961 дар хонаводаи граф Спенсер ба дунё омадааст. 29 июли осли 1981 баъди расидан ба синни 20 – солагӣ ба вориси тахти Британия шоҳзода Чарлз ба шавҳар баромад.
21 июни 1982 фарзанди аввалини онҳо шоҳзода Уилям Артур Филипп Луис ба дунё омад. 15 сентябри соли 1984 бошад писари дуввум дар ин хонадон қадам ба арсаи ҳастӣ гузошт, ки шоҳзода Генри Чарлз Алберт Дэвид номгузорӣ шуд.
15 июни соли 1992 китоби Эндрю Мортон "Диано: ҳақиқати таърихӣ» интишор ёфт, ки як бахши он дар бораи ишқварзии шоҳзода Чарлз бо бону Камилла Паркер Боулз қисса мекард. Баъди фош гардидани ин асрор Диано кўшиш ба худкушӣ мекунад.
25 августи соли 1992 года рўзномаи "Сан" матни гуфтугўи телефониеро аз моҳи декабри соли 1989 интишор медиҳад, ки Диано бо марде сўҳбат дорад. Шахсияти мард номаълум аст, вале тахминҳо дар мавриди хиёнати малика ба шавҳараш рӯ мезананд.
9 декабри соли 1992 сарвазири вақти Британия Ҷон Мэйджор дар Парламон эълон мекунад, ки Диано ва Чарлз дар алоҳидагӣ ҳаёт ба сар мебаранд, вале тасмим надоранд аз ҳам ҷудо шаванд. 12 январи соли 1993 боз ҳамон рўзномаи "Сан" матни гуфтугўи телефонии шоҳзода Чарлзро бо хонум Камилла Паркер Боулз чоп мекунад. Ин гуфтугў тақрибан моҳи декабри соли 1989 сабт шудааст.
29 июни соли 1994 шоҳзода Чарлз эътироф мекунад, ки ба занаш баъди барҳам хўрдани ҳаёти оилавӣ хиёнат карда буд.
3 октябри соли 1994 китоби Энн Пастернак "Муҳаббати Малика" интишор меёбад, ки муаллиф мегўяд Диано муддати панҷ сол бо муаллими аспдавонӣ Хюит ишқварзӣ мекард.
Августи соли 1995 дар васоити ахбори Британия хабар дар мавриди алоқаҳои шаҳвонии Диано бо ситораи регбӣ Уилл Карлинг интишор ёфт. Дар хонаводаи ситораи регбӣ моҷаро оғоз мегардад ва ин боис мешавад, ки 29 сентябр Уилл Карлинг аз занаш ҷудо шавад.
Декабри соли 1995 шоҳзода Чарлз номаи Маликаи Британия Елизаветаи Дуюмро дар мавриди даъват ба ҷудоӣ аз Диано дарёфт мекунад.
28 феврали соли1996 Диано ба ҷудоӣ розӣ мешавад.
28 августи осли 1996 қарори додгоҳ дар мавриди талоқ миёни шоҳзода Чарлз ва Диано содир мегардад.
31 августи соли 1997 Диано якҷо бо дўсташ Доди Файед ва ронандаи онҳо бар асари як садамаи марговар ба ҳалокат мерасад.