Наврӯзи дилафрӯз фаро мерасад ва аз фардо мардуми шарифи кишвар ба таҷлили ин ҷашни ниёкон оғоз мекунанд. Ҷашни сарсабзиву хуррамӣ, ҷашни эҳёти табиат ва оғози баҳори нав хуҷаста бод!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат аз самими қалб ҳамаи сокинони кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзии худро муборакбод мекунад ва барояшон шукофоӣ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно дорад.
Наврӯз – ин риштаи абадиву азалист, ки инсонро бо табиат мепайвандад. Вай аз дилҳои мо зангҳои ранҷишро мезудояд, қаҳру ғазабро барҳам мезанад, дар замири инсонҳо муҳаббатро бедор месозад, дӯстиро қавӣ мегардонад. Хулоса, Наврӯз ҷашнест аз некиву накукирдорӣ, аз муҳаббат ва аз садоқат.
Бигзор Наврӯз барои ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон саодат орад, муҷиби таҳкими дӯстиву бародарӣ ва ягонагӣ гардад ва ин худ кишвари моро ба роҳи рушд ва саодати ҳамешагӣ раҳнамун хоҳад сохт.
Бигзор он бароямон суботи ҳамешагӣ орад, барои сокинони кишвар хушбахтиву болидагӣ ва комёбиҳо орад!
Идатон муборак ҳамватанони азиз ва дӯстони гиромӣ!