Тамрини “Омодагии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, неруҳо ва воситаҳои онҳо ҷиҳати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи мавсими баҳорӣ” диққати сокинони рустои Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдатро як бори дигар ба мушкили эҳтимолии сел дар минтақа ҷалб кард.
Деҳаи Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат, ки дар соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст, як минтақаест, ки баҳорон бештар ба хатари сел рӯ ба рӯст. Бо назардошти ин ва бо мақсади такмили системаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, ҳамчунин назорати омодагии мақомоти идории ноҳия, неруҳо ва воситаҳо дар мавсими баҳорӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти идории маҳаллӣ омӯзиш таҳти унвони “Омодагии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, неруҳо ва воситаҳои онҳо ҷиҳати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи мавсими баҳорӣ” баргузор карданд.
Ба ин тамринҳо дастаҳои садамавиву наҷот ҷалб карда шуданд. Тибқи нақша ҷобаҷогузории нуқтаҳои назорати радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, тахлия ва додани воситаҳои фардии ҳимоя мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни тамринҳо корҳои соҳилбандиву мустаҳкам кардани соҳил дар мавзеъҳои осебпазир бо ширкати аҳолии маҳаллӣ аз тариқи ҳашар низ гузаронида шуданд.
Тамринҳои мазкур бар пояи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи КҲФ барои соли 2017 гузаштанд.