Оғози рӯзҳои сарди тирамоҳ. Табиат рӯ ба зимистон меорад. Дар ин ҳолатҳо чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинони кишвар

Моҳҳои тирамоҳ барои кишвари мо ҳавои ноустувор доранд. Рӯзҳои борониву шамолҳои гоҳ сахту гоҳ тунд ва дамои ҳаво низ гоҳ гарм асту гоҳ сард. Аммо аз сардиҳо дигар ҷойи гурез ҳам нест. Тирамоҳ батадриҷ нафаси сарди зимистонро наздик мекунад. Ва дар ин моҳҳо ҳар гуна рӯйдодҳои табиӣ ҳам  эҳтимол доранд, аз қабили резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ, мушкили ҳаракати мошинҳо ва илова ба ин ҳодисаҳое ҳам, ки худи одамон сабабгори он мешаванд, ба мисли сӯхтор дар хонаҳо ва ғайра.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаво дар кишвар ноустувор боқӣ мемонад, поён рафтани дамо, боронҳои сусту сахт дар ноҳияҳои ҷудогона ва ғайра. Дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо аз 6 то 8 дараҷа коҳиш меёбад.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯши табиӣ ва техногенӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон як қатор тавсияҳоро пешниҳод менамояд:

  • дар рӯзҳои боронӣ, ба қадри имкон, аз сафар ба ҷойҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш, шикор, моҳидорӣ худдорӣ кунед;
  • Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолии муқими деҳот, наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ хоҳиш мекунад дар ин фасли сол ба ҳолати роҳҳои селфаро, ҷӯйборҳо ва каналҳо диққат диҳанд. Ба соҳибони хонаҳои хусусии якошёна тавсия дода мешавад, ки баргҳо ва хасу хошокҳои ҷамъомадаро саривақт тоза кунанд, то аз бориши зиёд боми хонаҳояшон осеб набинад, деворҳо аз намии зиёд фурӯ нараванд;
  • кӯшиш кунед, ки кӯдаконро беназорат нагузоред. Агар шумо онҳоро ба мактаб ё ба сайругашти танҳо фиристед, пешакӣ аз хатари резиши санг аз кӯҳу теппаҳо, омадани сел огоҳ кунед, дар ин бора ҳамроҳашон зиёд суҳбат кунед, то дар ёдашон бимонад. Ҷони худ ва наздикони худро дар хатар нагузоред!
  • бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, алахусус ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, даъват мекунад, ки аз сафарҳои шабона худдорӣ кунанд. Тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунед, алахусус ба суръати ҳаракат диққат диҳед;
  • бо фарорасии фасли сармо ва сардтар шудани дамои ҳаво хатҳои интиқоли барқ бори сангини интиқол мекашанд.  Ин ҳамон ҳолатест, ки дар як хона якбора чанд асбоби барқӣ ба кор андохта мешавад. Бояд ҳар кас коршоямии асбобҳои барқиро дар хонаи худ бисанҷад, аз назар гузаронад ва агар нуқсе дид, ҳатман ислоҳаш кунад.  Дар ёд дошта бошед, ки асбобҳои барқии худсохт  қобили қабул нестанд, онҳо ҳамеша хатарноканд;
  • дар хона ҳаргиз асбобҳои барқиро беназорат нагузоред, бахусус печҳои барқӣ набояд дар ҳолати дар хона набудани шумо кор кунанд. Вақти хоб ҳатман кулли асбобҳои барқиро хомӯш кунед, ин барои шумо бехатартар аст.
  • касоне, ки дар оғӯши табиат мехоҳанд иститроҳат кунанд, бояд боду ҳаворо дар назар гиранд, ҳамчунин рӯзҳои кутоҳи тирамоҳро низ дар мадди назар дошта бошанд. Ин қабл аз ҳама ба дӯстдорони моҳидорӣ дахл дорад. Дар шамолҳои сарду сахт ва ҳавои торик ба соҳили обанбору дарёву баҳрҳо наравед. Волидон ва пайвандонатонро  дар бораи маҳалли истироҳат ё моҳишикор пешакӣ огоҳ намоед. Талош кунед телефони мобилиатон бо ду симкорт ва қувваи барқ таъмин бошад, ки дар мавриди зарурӣ занг зада тавонед. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисае шудед, бо телефонҳои:

112;

 223 13 11;

 221 91 19

 ва ё 93 880 28 19

 ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг занед.

барчасп: