То субҳи имрӯз, 22 сентябри соли 2020 дар саросари олам 31 миллиону 485 ҳазору 356 нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд. Аз ин беморӣ то кунун 23 миллиону 113 ҳазору 489 нафар муолиҷа шуданд. Бар асари ин беморӣ дар ҷаҳон 969 ҳазору 298 нафар фавтиданд. Ҳудудан 200 воксан аз COVID-19 дар саросари олам таҷриба мешавад, гуфт дар брифинги матубтӣ сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус.
Дар пойтахти Испания шаҳри Мадрид рӯзи душанбе маҳдудиятҳои нав ба иҷро даромаданд. Мақомот мегӯянд ҳадаф боздоштани суръати густариши сироят ба коронавирус дар пойтахт ва навоҳии атрофи он аст.
Олимони Маҷористон ба ин назаранд, ки коронавирус ба ҳарорати гарм устувору тобовар аст. Ин донишмандон баъди як пажӯҳиш ба ин натиҷа расидаанд.
Дар Русия шаҳри Москав дар шумори сироятёфтагони нав (915) дар ҷойи аввал аст. Баъди Москав дар шаҳрҳои Санк-Петербург (209), Подмосковйе (193), вилоятҳои Ростов (177), Нижегород (162), Воронеж (160), Ставропол (140) ва Кемеров (130) сироятшудагони нав бештар ба қайд гирифта шудаанд.
Вазорати тандурустии Русия иҷозат дод, ки воксани нав аз коронавирус, ки дар Маркази Чумаков таҳия шудааст, аз санҷиши тиббӣ гузарад.
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия то 21 сентябри соли равон 456 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз 42 ҳолати нави сироят ба коронавирус хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 21 сентябр 9388 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 8152 (86,8%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 73 нафар фавтидаанд.
«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 113 нафар гумонбарон қарор дошта, 44 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд»,- омадааст дар хабари манбаъ.