Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода рӯзи 19 сентябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими таҳвили доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ барои муолиҷаи коронавирус, ки Бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ кардааст, баргузор шуд. Дар ин маросим Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сарвари Бахши Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳадӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд.
Дар қатори кумаккҳо доруҳо ва лавозимоте чун корҷомаҳои махсуси бисёркарата, мӯзаҳои резинӣ, айнакҳои ҳифозатӣ, ниқобҳо, сӯзандоруҳо, дастпӯшҳо, дастгоҳҳои набзсанҷӣ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, антисептикҳо, воситаҳои уфунатзудоӣ, ки барои мубориза бо КОВИД-19 самароварданд, дохил мешуданд. Ҳамаи доруҳо ва лавозимоти тиббии таҳвилшуда барои табобати ҳайати шахсии Кумита дар сурати мубтало ба ин беморӣ шуданашон истифода мешавад. Илова бар ин Агентӣ як мошини тамғаи “Ниссан”-ро, ки мутааллиқ ба КҲФ буд, пурра таъмир кард ва ба ихтиёри Кумита гузошт.
Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар маросими таҳвили васоили тиббӣ ба сарвари Агентии Оғохон оид ба макони зист изҳори сипос кард ва гуфт, ки ёрие, ки имрӯз расид, ба пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон равона шудааст ва бидуни шак ин як кумаки арзишмандест, ки ба фаъолиятҳои мо таъсир хоҳад дошт.
Дар навбати худ ҷаноби Ҳадӣ Ҳусайнӣ зикр намуд, ки Агентии Оғохон оид ба макони зист дар оянда низ аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз густариши коронавирус COVID-19 пуштибонӣ мекунад.