Як қуттӣ дору аз COVID-19 «Арепливир» - ро аз дурухонаҳо ба нархи 12 ҳазору 320 рубл метавон харид. Дар ин бора директори кулли ширкат тавлидкунандаи дору “Промодед” Андрей Младенсев иттилоъ дод.
Як қуттӣ дорои 40 ҳабби 200 мг буда, қарор аст аз имрӯз, 21 сентябр дар дорухонаҳо пайдо шавад. Тавсия дода мешавад, ки онро баъди 24 соати ошкор шудани нишонаҳои сироят ба коронавирус истеъмол кунанд. То кунун дар таҷрибаҳо ин дору ягон оқибати нохуш надоштааст. Гуфта мешавад, ки доруи мазкур маргумир аз коронавирус дар Русияро 5 баробар кам кард.
Ширкати «Промомед» дар назар дорад дар кутоҳтарин фурсат ба содироти ин дору оғоз кунад. Ҳоло бо аксари кишварҳои ИДМ, Амрикои Лотин ва Африқо барои дастрасӣ ба ин дору гуфтушунидҳо идома доранд. Аммо то кунун маълум нест, ки аввалин кишвар баъди Русия дар истифодаи «Арепливир» кадом давлат хоҳад буд.
Чанде пештар Вазорати тандурустии Русия истифодаи «Арепливир»-ро барои муолиҷаи беморони гирифтори коронавирус КОВИД-19 иҷозат дод. Ин вазорат то ба имрӯз дар умум шаш доруро барои табобати коронавирус муфид дониставу истифодаи онро иҷозат додааст, ки «Фавипиравир», «Гидроксихлорохин», доруҳо интерферон-алфа, ҳамчунин «Ремдесивир» ва «Умифеновир» аз ин қабиланд.
18 сентябри соли равон донишмандони амрикоӣ аз Донишгоҳи Иллинойс марговарии як дору аз коронавирусро ошкор карданд. Маълум шуд, ки истеъмоли антибиотики АЗИТРОМИТСИН якҷо бо чанд доруи дигар, сабаби сактаи қалбӣ мешавад.