Маркази пандемияи КОВИД-19 ҳамоно қитъаи Амрикос, ҳам Амрикои Шимолӣ ва ҳам Ҷанубӣ. Ба ин беморӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то ба имрӯз беш аз 6,9 миллион нафар сироят шуданд ва қариб 200 ҳазор нафари онҳо фавтиданд. Ин кишвар дар сироят ба коронавирус дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст.
Дар Бразилия, ки ҳамоно дар Амрикои Ҷанубӣ пешсафтарин кишвар дар сироят ба короновирус мебошад, рӯзи гузашта 36,6 ҳазор ҳолати нави сироят ба қайд гирифта шуд.
Ҳукуматдорони Олмон тасмим гирифтанд, ки шаҳри Венаро минтақаи хатар бар асари сирояти зиёд ба коронавирус эълон кунанд.
Аз охири моҳи август вазъ дар Испания низ ба ҳадди изтиробангез расидааст
Рӯзи чоршанбе Ҳинд эълон кард, ки шумори сироятшудагон ба коронавирус дар ин кишвар аз 5 миллион нафар гузаштааст. Ин кишвар дар сироят ба КОВИД-19 баъди ИМА дар ҷойи дуюм аст. Дар Ҳинд беш аз 82 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд. Зарфи ин якуним моҳи оянда ҳар рӯз дар Ҳиндустон наздик ба 100 ҳазор нафар сироят мешаванд.
Туркия марҳилаи сеюми озмоиши воксан аз коронавирусро ба ихтиёриён оғоз кард.
Президенти ИМА Доналд Трамп ин иддиоро рад кард, ки гӯё дидаву дониста ҳаҷм ва хатари пандемияро дар аввали сол коҳиш дода бошад. Чанде пеш журналисти амрикоӣ Боб Вудворд гуфта буд, ки асли масъала маҳз чунин аст. Вай мегӯяд президент дар як мусоҳиба ба ӯ дар ин маврид иқрор шуда буд.
Дар шаҳрҳои Москав (750), Санк-Петербург (207), вилояти Москав (173)-и Русия аз ҳама бештар сироятшудагон ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд.
Намояндаи вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, ки зарфи шаш рӯзи охир дар ин кишвар ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Сарэпидемиологи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурмат Отабеков иброз дошт, ки чораҳои карантинӣ дар кишвар лағв нашудаанд, балки сабук карда шудааст. Вай гуфт, ки ташдид ё сабук кардани тадбирҳои карантинӣ аз худи аҳолӣ вобаста аст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 16 то 30 сентябр ба Русия 71 парвози чартерӣ анҷом хоҳад дод, то шаҳрвандони кишварро аз Русия ба Ватан орад, хабар дод рӯзи чоршанбе Вазорати корҳои хориҷии Т оҷикистон.