20-уми декабри соли 2016 дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳои масъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ семинар баргузор карданд.
Дар ҷараёни семинар ширкаткунандагон рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2014 “Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии ҶТ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда”-ро баррасӣ намуданд.
Дар семинар ҳамчунин фаъолияти вазорату идораҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва корҳо дар иртибот ба мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст шуданд.
Иштирокдорон ба камбудиҳо ишора карданд ва муҳлати бартараф намудани онҳоро муайян намуданд. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи самараноки минбаъдаи Қарор баргузории чандин чорабинӣ дар соли ояндаро тарҳрезӣ карданд.
Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна чорабиниҳо такмили малакаҳои ҳосилшуда дар самти мудофиаи гражданӣ миёни кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин омодагӣ ба зуҳури ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодда мебошад.