Ниҳодҳои мудофиаи граждании ноҳияи Исмоили Сомонӣ вазифадор шуданд иншоотҳои ҳимоявиро ба зудӣ таъмир кунанд
Чоп шуд: 06/12/2016 | adminРаиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда дар муассисаҳои маорифи кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бартараф карда шаванд.
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аламхон Қурбонов ҷаласаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда доир шуд ва натиҷаи фаъолияти ниҳод дар 11 моҳи охири соли равонро баррсасӣ кард.