Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда дар муассисаҳои маорифи кишвар дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ бартараф карда шаванд.
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аламхон Қурбонов ҷаласаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда доир шуд ва натиҷаи фаъолияти ниҳод дар 11 моҳи охири соли равонро баррсасӣ кард.
Дар ҷаласаи муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Муҳаммадҷон Салимзода ширкат кард.
Ҳадафи ҷаласаи мазкур баррасии омодагии мақомоти идорӣ, татбиқи чорабиниҳо оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани омодагии неруҳо ва воситаҳо барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони як қатор идораҳо ва сарварони муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳия низ иштирок карданд.
Дар ҷаласа ба роҳбарони ташкилотҳо, идораҳо ва муассисаҳои ноҳия супоришҳои зерин дода шуданд:
- то моҳи феврали соли 2017 асноди марбут ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои тафтиши пурра омода карда шавад;
- ҳамаи иншоотҳои ҳимоявӣ, ки дар ихтиёри ноҳия ҳастанд, бояд пурра таъмир шаванд;
- камбудиҳои соли 2016 ошкоршуда дар фаъолияти кӯлҳо бартараф карда шаванд;
- ҳамчунин камбудиҳои ошкоршудаи мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои маориф бартараф карда шуда, дар бораи корҳои анҷомшуда ба Раиси ноҳия ҳисобот пешниҳод кунанд.
Роҳбарони он ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ки фаъолияташон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ фарқ мекард, бо ифтихорномаҳои Раиси Кумита сарфароз гардонида шуданд.