Наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

Маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ имрӯз дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин маросими барои сарбозони ҷавон хеле муҳим ва хотирмон волидони онҳо, хешовандон, наздикон ва дӯстонашон, ҳамчунин меҳмонони фахрӣ ширкат карданд.
Баъди фармони овардани ҳайати шахсӣ ба савганди ҳарбӣ дар вазъи ботантана наваскарон ба қарзи худ дар назди Ватан қасами садоқат ёд карданд.
Сарбозони ҷавонро ба муносибати ин рӯзи барояшон фаромошношуданиву хотирмон Раиси кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода муборакбод кард. Вай аз ҷумла гуфт: “Ин қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва шарафи бузургест. Ба Ватан бо садоқат ва шарофат хизмат кунед”.
Дар доираи ин рӯзи хотирмон тимҳои садамавиву наҷот дар назди наваскарон амалҳоеро иҷро карданд, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда бояд анҷом дода шаванд. Дар назди ҳозирон истифода аз бемористони саҳроӣ ва техникаи махсуси Кумитаро намоиш доданд.
Дар оғоз ва анҷоми маросими савганди наваскарон дар иҷрои сарбозони қисми ҳарбӣ Гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва баъдан таҳти навои оркестри ҳарбӣ ҳамагон саф оростанд ва бо қадамзанӣ хизматчиёни ҳарбӣ ба таоми идонаи нисфирӯзӣ раҳсипор гаштанд.
Баъди анҷоми маросими савганди наваскарон волидон ва наздикони сарбозон бо шароитҳои хизмат дар қисми ҳарбӣ ошно шуданд, бо афсарони он ҳамсуҳбат гаштанд ва ба саволҳои худ посух дарёфт намуданд.

барчасп: