Дар қисмҳои ҳарбии КҲФ воқеъ ҷануби кишвар кормандони Кумита миёни сарбозон ва афсарон дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва аз ҷумла густариши короновируси навъи (nCOV-2019) корҳои таблиғотӣ мебаранд.
Дар дидору мулоқот бо хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи сабабҳои пайдоиш ва сирояти вирусҳои сироятӣ ва густариши онҳо сухан ронданд, дар бораи роҳу воситаҳои пешгирӣ аз бемориҳое назири короновирус ковид-19 нақл карданд.
Мутахассисони Кумита зимни суханрониҳои худ зикр намуданд, ки шарти аслии мубориза бо ин беморӣ риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, дуруст ғизо хӯрдан ва доштани тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар поёни ҳар мулоқот ба ширкат кунандагон варақаҳои талиғотӣ тақсим карда шуданд, Онҳо ба ҳама суолҳои худ посухи зарурӣ дарёфт намуданд.