Гурӯҳҳои зудамал аз ҳисоби наҷотдиҳандагон, химикҳо ва кормандони бахши тиби Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави пойтахт ва марказҳои се вилояти кишвар корҳои безараргардонии иншоотҳои иҷтимоиро роҳандозӣ мекунанд.
Ҳайати шахсӣ бо ҳама воситаҳои зарурии ҳимояи фардӣ таъмин мебошад. Дарои поксозии муҳит тавсияҳои мувофиқ ба талабот истифода мешаванд.