Аксияи мазкур аз ҷониби афсарони шўъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ташкил гардида, он дар муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкилоту корхонаҳо гузаронида шуда, ташкилкунандагон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Хуҷанд дар байни хонандагони МТМУ№ 21 машғулиятҳои тарбиявӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ аз вируси корона, роҳҳои сироятёбӣ, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодани бандинаҳои тиббӣ, лавозимоти антисептикӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои солим, тавсияву маслиҳатҳое, ки аз ҷониби коршиносон, кормандони тиб тавассути ВАО рафта истодаанд риоя намуда, тибқи он амал намудан, маълумот дода, дар байни хонадагон корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ гузарониданд.
Дар рафти аксия варақаҳои иттилоотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНИСЕФ омода шудааст, дар даромадгоҳҳои мағозаҳо, дорухонаву, ошхонаҳо, хонаҳои баландошёна, истгоҳҳои маҳаллаи 34 насб ва ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Инчунин ташкилкунандагони аксия шахсони масъули мавзеъҳои мазкурро даъват карданд, ки ҳамарўза дар байни мардум корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда шаванд, маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии Коронавирус баланд бардошта шавад.
Корҳои тблиғотӣ дар ин самт идома доранд.
Ш.Бутаева, сардори бахши кор бо
ҷомеаи Раёсати вилоят, лейтенант