Шабонарӯзи гузашта дар Русия 500 нафари дигар гирифторони короновирус ба қайд гирифта шуданд. Ситоди фаврии Русия хабар дод, ки ин теъдод сироятёфтагон дар 24 минтақаи кишвар кашф шудаанд. То кунун дар Русия 2337 нафар чун мубталоён ба короновирус сабти ном шуданд. Бори аввал дар вилоятҳои Архангелск ва Магадан сироятёфтагон ба короно ба қайд гирифта шуданд.
Дар як шабонарӯз дар Русия аз ин беморӣ 8 нафар фавтиданд ва шумори умумии ҳалокшудагон аз КОВИД-19 ба 17 нафар расид.
"Зарфи як шабонарӯз 8 нафар ҷони худро аз даст доданд: дар Москав 5, дар Санк-Петербург 1, вилояти Владимир 1, вилояти Пенза 1 нафар. Аз оғоз ба асари сироят ба короновирус дар Федератсияи Русия 17 нафар ба ҳалокат расиданд”, - гуфта мешавад дар хабаре, ки ситоди фаврӣ интишор додааст.
Аз рӯзи душанбе шаҳрҳои Маскав ва Санк-Петербург дар карантинанд ва қариб бист минтақаи дигар ин кишвар низ барои карантин омодагӣ мегиранд. Аввали ҳафтаи ҷорӣ шаҳрдори Маскав Собянин эълон кард, ки аз сабаби густариши короно дар пойтахт маҳдудиятҳо шадидтар хоҳанд шуд.
Ситоди фаврии Русия гуфтааст, ки аксари сироятёфтагон ҷавонони аз 18 то 40-солаанд, ки аз кишварҳои Аврупо омадаанд. Короновирус ҳатто дар як ҷавони 17-сола низ ошкор шудааст. Тибқи низоми нав сокинони Маскав танҳо барои муроҷиат барои ёрии оҷили тиббӣ ё таҳдиди дигар ба ҳаёт ва саломатӣ, рафтан ба ҷои кор, харид дар наздиктарин мағоза ё дорухона, сайругашт бо ҳайвонот, вале ба масофаи на бештар аз 100 метр аз ҷои зист, бурдани партовҳо ба партовгоҳҳо ҳақи аз хона баромадан доранд. Сергей Собянин гуфт, сокинон бояд дар кӯча, нақлиёт ва мағоза масофаи 1,5 метрро риоя кунанд. Ӯ гуфт, рӯзҳои наздик иҷозатномаҳои махсус дода мешаванд, ки бидуни онҳо дар кӯча гаштан мамнӯъ хоҳад шуд.