25 октябри соли 2016 дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазоратҳо ва идораҳои мусъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ семинар баргузор шуд. Дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Ширкаткунандагон ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2014 «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар семинар ҳамчунин фаъолияти нуҳмоҳаи вазорату идораҳо дар самти пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва корҳо дар иртибот ба мудофиаи гражданӣ баррасӣ шуд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда вақти мушаххас дода шуд.
Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна ҷаласаҳо баланд бардоштани малакаҳои ҳосилшуда дар самти мудофиаи гражданӣ дар байни кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин омодасозии онҳо дар вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.