Зарари ҳамасола ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ расида бар асари таъсири боришоти жола ба беш аз 5,2 миллиард доллари ИМА мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистони мо низ аз бориши жола осебҳои зиёд мебинад.
Дар Тоҷикистон, ки 93%-и онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, қисман шиддатнокии боришоти жола бисёртар ба қайд гирифта мешавад, ки дар натиҷаи он ба иқтисодиётӣ ҷумҳурӣ ҳамасола зарарӣ моддӣ мерасонад. Бинобарин, бо мақсади таъмини ҳифзи зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ташкил ва гузаронидани корҳои зидди жола бори аввал дар водиҳои Ҳисор ва Вахш, ки бештар дар он ҷойҳо боришоти жола ба қайд гирифта шуда буд, корҳои зидди жола амалӣ карда шуданд.
Аз соли 1960 корҳои зидди жола дар назди Маркази илмӣ-тадқикотӣ метеорологии институти Осиёи миёнагӣ экспедитсияи зидди жолаи Ҳисор таъсис дода шудааст. Рӯзӣ 5 майи соли 1963 то имрӯз дар хотири мардум нақш бастааст, ки дар водии Ҳисор дар имрӯз майдони 46 ҳазор га. зироатҳои кишоварзӣ, хусусан пахта, ангур ва дигар зироату дарахтон дар натиҷаи боридани жолаи сахт нобуд шудаанд.
Матни пурра: Пешрафти корҳои зидди жола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон