Аз 12 то 13-уми октябри соли равон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пуштибонии як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон роҳандозии як силсила чорабиниҳои иттилоотиву таблиғотиро ба нақша гирифтааст.
Ин чорабиниҳо дар шакли “мизҳои гирд”, дидору мулоқот ҷиҳати ироаи иттилоъи бештар ва боло бурдани маърифати дарки хатар аз офатҳо ва пешгирӣ аз он дар мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ, макотиби олӣ бо ширкати густардаи кормандони Кумита амалӣ мешаванд.
Ҳадафи ин Рӯз боло бурдани сатҳи огоҳиҳо дар бораи он аст, ки мо бояд кадом тадбирҳоро андешем, то ки аҳолии кишвар дар бораи коҳиши хатар аз офатҳо маълумот пайдо карда тавонанд.
Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатар тибқи Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 22-уми октябри соли 1989 ҳамасола 13-уми октябр таҷлил мешавад.
Қарор дар мавриди он ки дар Тоҷикистон бояд ин дар кадом қолаб ҷашн гирифта шавад, рӯзи 31-уми августи соли равон дар ҷаласаи гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозиҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) бо пешниҳоди Раиси КҲФ Рустам Назарзода қабул шуд.