Сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва ҷамъбасти фаъолияти соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар нуҳмоҳаи соли 2016 рўзи 4-уми октябри соли равон дар семинар-машғулият дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст мутахассисони соҳаи мудофиаи граждании хадамоти мудофиаи гражданӣ ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд ва оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2014 дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва ҷамъбасти фаъолияти соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар нуҳмоҳаи соли 2016 ибрози назар намуданд.
Семинарро муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода оғоз намуда, ба иштирокчиён оид ба рафти фаъолият ва бурду бохт дар вазорат маълумот дод.
Сардори шўъбаи мутобиқати кор бо вазорату идораҳои Кумита, полковник М. Мусамиров оид ба сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузориш дод.
Инчунин, дар семинар кору фаъолият дар самти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2016 баррасӣ гардид ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуд.
Мақсади асосии баргузории чунин семинар-машғулиятҳо ин баланд бардоштаи малака ва донишҳои омўхта дар самти мудофиаи гражданӣ байни кормандони вазорату идораҳои дахлдор ва омода намудани онҳо ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Ногуфта намонад, ки ҳар семоҳа бо намояндагон ва сардорони мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита бо вазорату идораҳо семинар –машғулият гузаронида мешавад.