Таърих, инкишоф ва дурнамои қисми низомӣ

Қушунҳои мудофиаи гражданӣ низ қариб ҳамқадами Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонанд. Аз ҷумла, Қисми ҳарбии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  16-уми июли соли 1993 дар базаи кисми ҳарбии 52476-и Ситоди мудофиаи  граждании назди Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил ёфта, дар асоси фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нохияи  Данғара сафарбар карда шуд. Дар асоси Карори Шўрои Вазирони Чумхурии Точикистон №451 аз 6-уми сентябри соли 1994  ба қисми ҳарби номи полковник  Раҷабов Рамазон Шарипович дода шуд.
Кисми ҳарбии 45989 қисми таркибии сохтори Кумитаи холатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон буда, танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, маҷмўи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ҳолатхои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задании амалиётҳои ҷангӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

Ҳайти роҳбарии қисми низомиро аз солҳои таъсисёбӣ то кунун инҳо бар ўҳда доштанд:

- солҳои 1993-1994 капитан Бозоров Шамсиддин Одинашоевич.
- солҳои 1994 то 1995   майор Муминов Исмоил.
- солҳои 1995 то 1999 полковник Бозоров Шамсиддин Одинашоевич.
- солҳои 1999 то 2009 полковник Шосафаров Сафарбек Саидшоевич.
- солҳои 2009 то 2010 подполковник Назаров Талабшо Амиршоевич.
- аз соли 2010 то 2016 полковник Хоxаев Саидаҳмад Гулматович.
- аз 11-08-2016 то ҳоло ин вазифа бар души полковник Зайнуддинов Шомаҳмад Зиёбиддинович мебошад.

Тайи солҳои фаъолият ин қисми низомӣ дар чорабиниҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди вилоят саҳми босазо гузоштааст. Аз ҷумла:

- Иштироки фаъолонаи хайати шахсӣ дар бартарафсозии кӯли  сунъии аз боришоти зиёд ба амаломада дар ноҳияи Ховалинг  дар соли 1995.
- Барои ба тартиб даровардани маркази вилояти Хатлон, шахри  Қўргонтеппа гузаронидани корҳои ободонӣ ва барқарорсозӣ дар  боғи истироҳат дар соли 1995.
- Барои  бартарафсозӣ аз буҳрони бемории сироятии «домана» бо тариқи муҳофизат ва пешгирии эпидемияи домана дар шаҳри Кӯлоб дар соли 1996.
- Иштирок дар муҳорибаҳои ҳарбии ноҳияи Тавилдара баҳри пойдор нигоҳ доштани сохти конститутсионии мамлакат солҳои  1996-1997.
- Бунёди боғи истироҳатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Кӯлоб.
- Иштирок дар бунёди хати интиқоли гази табиии Хоҷасартез.
- Иштирок дар барқарорсозии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб.
- Пешгирӣ аз офати табиӣ ва корҳои соҳилбандии дарёи  Ёхсу бинобар боришоти зиёд дар деҳаи Ангурбоғи ноҳияи Восеъ. 
- Иштироки пурраи ҳайати шахсӣ дар маъракаи расонидани роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кӯлоб ва корҳои ободонӣ дар истгоҳи роҳи оҳани  шаҳри Кӯлоб.
- Иштирок дар сохтмони қалъа-осорхонаи «Бибихонум»-и шаҳри  Қўрғонтеппа дар соли 2001-ум.
- Иштирок дар машқҳои фармондеҳии ситоди якҷоя бо  давлатҳои ИДМ дар машқгохи Сунбулаи ноҳияи Хуросон дар соли 2003-ум.
- Иштироки ҳамасола дар корҳои соҳилбандии сохили  дарёи Панҷи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва соҳили дарёи  Ёхсуи ноҳияи Восеъ.
- Иштирок дар барқарорсозии қубурҳои обгузари минтақаи  Лойқасои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.
- Иштироки фаъолонаи ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ барои  бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Қумсангир дар соли 2007.
- Соли 2009 барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиии баъди боришоти зиёд ва фаромадани ярч ба ноҳияи Хуросони шаҳраки Уялӣ.-
Иштироки   фаъолонаи   хайати   шахсӣ   дар   сафороии   ҳарбӣ   бахшида   ба   20-умин солгарди   Истиқлолияти   давлатии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон   дар   шаҳри   Душанбе,   шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияи Вахш дар соли 2011.
- Иштироки фаъолонаи ҳайати шахсӣ дар корҳои сохтмонию васлкунии нақби Шаҳристони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд дар соли 2012.
- Иштироки ҳайати шахсӣ дар Сафороии ҳарбӣ бахшида ба 20 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар соли 2013.
- Иштироки   фаъолонаи   ҳайати    шахсӣ    дар    ҷамъомади    тантанавӣ   ба муносибати   22-юмин   солгарди   Истиқлолияти    давлатии   Ҷумҳурии    Тоҷикистон дар шаҳри Қўрғонеппа аз 3 сентябр то 6 сентябри соли 2013.
- Дар соли 2016 ҳайати шахсии қисми низомии мазкур дар гузашти низомии 25-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии фаъолона иштироки кардаанд. 

Ҷиҳати бунёди бинову иншоотҳои мухталифи соҳавӣ дар асоси Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014 дар қисми ҳарбӣ як қатор корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла бунёди хобгоҳ, ошхона ва ғайраҳо дар ин қисми низомӣ нишонаи возеҳи гуфтаҳои боло мебошанд.
Айни ҳол бо дастгирии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода аз сифр бунёди як қатор биноҳои ҳозиразамон дар ин воҳиди низомӣ муташакилона идома дорад. Бахусус, бунёди бинои мувофиқ ба талаботҳои муосири Ситоди қисми низомӣ. Дар ҳоли ҳозир оғози марҳилаи сохтмонӣ бо маром идома дошта, пойдевори биноҳо мувофиқ ба талаботҳои сохтумонӣ бунёд гардида истодаанд.

Ориф Нозимов,
афсари калони Маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барчасп: