Ба кумаки мардум ҳамеша омодаанд

Зери ҳамин унвон нашрияи “Садои мардум” суҳбати хабарнигораш Аъзам Мӯсоевро бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода чоп кардааст.
Сарвари Кумита таърихи ташкили хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро чандон қадима намедонад ва мегӯяд он “ба санаи пайдоиши ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ва андешидани аввалин чораҳои муҳофизатии аҳолӣ иртибот дорад. Сабаб он буд, ки душман бо ҳавопаймо ба ақибгоҳи қувваҳо аз боло ҳамла мекард ва анборҳо, захираҳои эҳтиётиро несту нобуд карда, қувваҳои ҷангӣ ва таъиноти чорабиниҳоро аз байн мебурд. Дар ибтидо мудофиаи гражданӣ бо номи мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ (МЗҚҲМ) амал мекард, ки аз соли 1918 то 1961 ин номро нигоҳ дошт.
7 октябри соли 1992 дар заминаи Кумитаи мудофиа, комиссариати ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Солҳои 1992-1994 дар таркиби Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Мувофиқи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ  Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулода ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд”.

Матни комили ин мусоҳибаро метавонед аз ин ҷо бихонед:
Ба кумаки мардум ҳамеша омодаанд

барчасп: