Маркази фаъолиятҳои башардӯстонаи шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ бунёди Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯмали молӣ хоҳад кард.
Дар ин бора Аҳмад Ал-Байз, сарвари намояндагии Маркази ёдшуда дар суҳбат бо Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Рустам Назарзода иттилоъ дод.
Мулоқоти генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Аҳмад Ал-Байз рӯзи 12-уми август доир шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва фоҷеаҳои техногенӣ, аз ҷумла бунёди Маркази омӯзишӣ оид ба омодасозӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон, ҳайати шахсии Кумита, ҳамчунин омӯзиши роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, идораҳо, ҳукуматҳо ва аҳолӣ дар масоили алоқаманд ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади ошноии бештари меҳмонон сарвари Кумита онҳоро бо мавзеъе, ки қарор аст ояндаи ин Маркази таълимиву омӯзиш бунёд шавад, раҳнамоӣ кард ва онҳоро бо тарҳи пешниҳодӣ ошно намуд.
Дар поёни ин дидор Маркази фаъолиятҳои башардӯстони шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ эълон кард, ки барои навсозии Маркази таълимӣ кӯмаки молӣ хоҳад расонд.