Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як марди 23-соларо, ки қариб ғарқ мешуд ва ба ҷонаш хатар таҳдид мекард, наҷот доданд.
Ин мард дар масофаи хеле дуртар аз соҳили Сир шино мекард ва ҳадди нерӯи худ барои бозгашт ба соҳилро ба ҳисоб нагирифта буд. Мавҷи дарё ӯро беш аз ҳад хафа мекард ва маҷоли бозгашт ба соҳилро надошт.
Наҷотодбахшони Ситод мардро ба соҳили дарё расонданд ва ӯ дигар ба кӯмаки тиббӣ ҳам ниёз надошт.
Маврид ба ёдоварист, ки аз аввали сол то ин замон кормандонии КҲФ 50 нафарро дар обҳои кишвар аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.