Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии офатҳои табиӣ аз сатҳҳо ва шаклҳои гуногун иборат аст, ки дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳо ва вазифаҳои мухталиф ҳаллу фасл мешаванд.
Имзои Созшномаҳое, ки дорои аҳаммияти байналмилалианд, имкон медиҳанд, ки ба системаи ҷаҳонии муқобила бо офатҳои табиӣ ҳамроҳ шавем ва ҳамкории самаранок бо шарикони хориҷӣ дошта бошем.
Дар доираи салоҳиятҳо ҳамкориҳои байналмилалии худ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш додани фаъолиятҳои худ дар ин самт идома медиҳад. Дар ин 22 соли вуҷудаш Кумита 18 созишномаи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ имзо кардааст.
Имрӯз, 5-уми августи соли 2016 имзои лоиҳаи “Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш” миёни кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар доираи Хазинаи Трастовскиии Барномаи Рушди СММ маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа то соли 2018 идома мекунад ва маблағи он 1,650, 000 долларро ташкил медиҳад.
Ҳадафи аслии лоиҳа таҳкими иқтидори КҲФ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, ки расонидани кӯмакҳои техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзонидани кормандони КҲФ-ро дар бар мегирад.
Ҳуҷҷати лоиҳавиро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Лякин-Фролов ва Странова Директори Барномаи Рушди СММ имзо карданд.