8 августи соли 2016 бо ташаббуси Раёсати Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Рустам Назарзода бо сардори намояндагии Комисариёи номбурдаи СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани мулоқот баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳо оид ба иттилоърасонӣ ва огоҳсозии аҳолӣ дар бораи хатарҳо ва таҳдидҳо, ҳамчунин омодасозии мутахассисон-наҷотдиҳандагон ва расонидани кӯмакҳои техникиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Рустам Назарзода қайд кард, ки Кумита дар оянда низ ҳамкориҳоро бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ дар самти ҳолатҳои фавқулодда идома медиҳад. “КҲФ ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои он равона шудааст, қотеъона дастгирӣ мекард ва мекунад”,- гуфт сарвари Кумита.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ин назар расиданд, ки механизмҳои мавҷуда миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Кумисариёи олии СММ дар умури паноҳандагон имкон медиҳад, ки дар оянда низ ба муқобили таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ самаранок ҳамкорӣ кунанд.