Имрӯз, 5-уми августи соли 2016 имзои лоиҳаи «Таҳкими иқтидор оид ба омодагӣ ва вокуниш” миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия дар доираи Хазинаи трастовии Барномаи Рушди СММ маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа то соли 2018 идома карда, маблағи он 1,650, 000 долларро ташкил медиҳад.
Мақсади асосии лоиҳа ин таҳкими иқтидори Кумита оид ба омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон буда, расонидани кӯмакҳои техникӣ, омӯзиш ва бозомӯзонидани кормандони КҲФ-ро дар бар мегирад.
Ҳуҷҷати лоиҳавиро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ ҷаноби Ян Харфст имзо карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии офатҳои табиӣ аз сатҳҳо ва шаклҳои гуногун иборат аст, ки дар чаҳорчӯбаи он масъалаҳо ва вазифаҳои мухталиф ҳаллу фасл мешаванд.
Имзои Созшномаҳое, ки дорои аҳамияти байналмилалианд, имкон медиҳанд, ки ба системаи ҷаҳонии муқобила бо офатҳои табиӣ ҳамроҳ шавем ва ҳамкории самаранок бо шарикони хориҷӣ дошта бошем.
Дар доираи салоҳиятҳо ва ҳамкориҳои байналмилалии худ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши фаъолиятҳои худ дар ин самт идома медиҳад.
Дар зарфи 22 соли вуҷудаш Кумита 18 созишномаи байнидавлатӣ ва байналмилалӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ имзо кардааст.