Бар асари суқути як қоиқи тафреҳӣ дар руди Дунай дар Будапешт ҳаддиақал 7 нафар ҳалок шуданд ва даҳҳо тани дигар бенишонанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters истинодан ба манбаъҳои худ хабар додааст. Пулиси Будапешт гуфтааст, ки дар вақти чаппа шудани қоиқ 33 нафар гардишгарон аз Куриёи Ҷанубӣ савори он буданд, худи киштиро 2 нафар идора мекарданд. Манбаъ гуфтааст, ки хадамоти наҷот 7 нафарро аз хатари марг наҷот доданд, аммо то кунун дар бораи 21 нафар маълумоте нест.
Интерфакс хабар дод, ки Вазорати умури хориҷии Куриёи Ҷанубӣ ҳалокати шаҳрвандони худро тайид кард.
Дар хабари муқаддамотӣ гуфта мешавад, ки ин киштӣ бо қоиқи дигари тафреҳӣ бархӯрдааст ва баъдан чаппагардон шуда, ба қаъри об рафтааст. Дар айни замон вуруди ҳама гуна киштиҳо ба Дунай мутаваққиф шудааст, то ба роҳандозии корҳои наҷот ба ғаввозон халал нарасонанд. Аммо гуфта мешавад, ки борони шадид ва ҷараёни тези оби рӯдхона корҳои наҷотро ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Ҳарорати об 10-12 дараҷа гарм аст ва ин муҷиби мушкилоти дигар дар наҷоти одамон шудааст. Эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки оби сард як сабаби талафоти бештари ҷонӣ дар миёни ғарқшудагон шуда бошад.
Киштии сайёҳӣ бегоҳии 29-уми май дар маркази шаҳр, дар наздикии бинои парлумони Маҷористон чаппа шудааст. Соҳиби киштӣ ҳам ба хабаргузориҳо эътироф кардааст, ки киштӣ чаппа ва ба қаъри об фурӯ рафтааст.
То ин лаҳзаҳо дар бораи ин ҳодиса тафсилоти бештар дода нашудааст.