Дар оташсӯзии ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметовои Москав ҳаддиақал 41 нафар ба ҳалокат расиданд

Пас аз фуруди истирории як ҳавопаймои Русия ва оташ гирифтани он дар фурудгоҳи Шереметово 41 нафар кушта шуданд. Баъди он ки ҳавопаймо бо 78 сарнишин дар хати парвоз бархӯрд, шуълаҳои оташ баданаи онро фаро гирифт ва сутуни азими дуд аз он ба ҳаво бархост. Чандин навори видиоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, нишон медиҳад, ки мусофирон басо саросема худро аз ҳавопаймо наҷот медиҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия дар миёни ҳалокшудагон ду кӯдак низ будаанд. Хабаргузориҳо аллакай бо чанде аз наҷотёфтагон мусоҳиба анҷом додаанд ва як нафар гуфтааст, ки фирори мусофирон аз ин ҳавопаймо аслан як муъҷиза буд.

Хадамоти матбуотии “Аэрофлот” сабаби садамаро иллати техникӣ унвон кард ва гуфт, ки тайёра аз ноилоҷӣ ба фурудгоҳ баргашт. Аммо ин манбаъ то кунун маълумоти муфассалтареро ироа накардааст. 

“Аэрофлот” рӯйхати 33 мусофир ва чаҳор халабони наҷотёфтаро мунташир кард, ки панҷ тани онҳо ба бемористон бистарӣ шудаанд.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Маскав ба Мурманск парвоз мекард.  flightradar24 хабар дод, ки ин ҳавопаймо баъди ним соати парвозаш дубора ба замин баргашт ва дар нишаст дучори садама шуд.

Ҳавопаймои мазкур мутааллиқ ба ширкати  "Аэрофлот" Sukhoi Superjet 100 будааст, аммо  манбаъҳои расмӣ то кунун иттилои муфассал дар бораи иллатҳои нишасти изтирории ҳавопайморо иро накардаанд.

Superjet вақте ба замин менишаст аввал ба хати парвоз сахт бархӯрд ва баъдан думи он ба замин зад. Сабаби оташ гирифтани он низ ҳамин будааст. 

Интерфакс ба нақл аз манбаъҳои худ хабар дод, ки баъди нишасти изтирорӣ моторҳои ҳавопаймо оташ гирифтанд, на ки дар ҳаво оташ гирифта бошанд.

Иллати аслии ҳодиса рушан нест, аммо мақомоти тафтишотӣ эълон карданд, ки ҳамакнун таҳқиқи он оғоз шудааст.

Бино ба хабари расмии Кремл Владимир Путин-Президенти Русия дар ҷараёни рӯйдод қарорад ва ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори тасаллият кардааст.

Намояндаи “Аэрофлот” ба хабарнигорон гуфтааст, ки хадамоти наҷот мусофиронро зарфи 55 сония наҷот доданд, дар ҳоле, ки меъёри муайяншудаи наҷот дар ин гуна ҳолатҳо 90 сония аст.   

Гуфта мешавад, ки баъди чанд дақиқаи парвоз тайёра бонги хатар ирсол кард, вале вақти бозгашт ба фурудгоҳ иртибот бо он қатъ шуд. 

Бар асари ин садамаи марговар фурудгоҳи Шереметево парвози 101 ҳавопайморо ба самтҳои гуногун муваққатан боздошт. 20 ҳавопаймое, ки мебоист дар Шереметово фуруд меомаданд, ноилоҷ дар Нижний Новгород фуруд омаданд.

барчасп: