Натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи аввали
Кумитаиҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар се моҳи аввали соли 2008 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он фаъолияти худро мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Кумита ба роҳ монд. Баҳри таъмини омодабошии доимии вазорату ташкилотҳо, хадамотҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» таъмини иҷрои чорабиниҳои пешгирии ҳодисаҳои фавқулодда дар мавзеъҳои хатарнок, инчунин дар сатҳи баланди методӣ гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ - нақшавӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дод.
Ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта дар се моҳи аввали соли 2008 ба аҳолӣ ваиқтисодиёти кишвар хисороти зиёде ворид намуд. Дар ҷумҳурӣ 42 ҳодисаи ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба амал омаданд, ки бар асари онҳо 13 шаҳрвандиҷумҳурӣ ба ҳалокат расид. Дар ин давраи соли 2007 дар ҷумҳурӣ 24 офати табиӣ ба амал омада буд, ки дар натиҷа 13 шаҳрванд ҳалок гардид.
Дар ин давра бар асари сардиҳои сахт, заминҷунбӣ, фаромадани тарма, боридани барфизиёд, боронҳои сел, вазидани шамолҳои сахт ва баланд шудани сатҳи оби дарёҳо баиқтисодиёти ҷумҳурӣ зарари ҷиддӣ ворид гардид. Дар асоси ҳуҷҷатҳои воридшуда ва ҳисоботҳои пешакӣ ҳаҷми ҳисороти воридшуда, дар се моҳи соли 2008 – 32 млн. 598 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи зарари аз офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли 2007 бошад, 8 млн. 358 хазору 900 сомониро ташкил дода буд.
Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати корҳои барқарорсозиииншоотҳои аз офати табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон, аз ҷумла, барои корҳоисоҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Чубеки нохияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, барои корҳоисоҳилмустаҳкамкунии дарёи Сурхоб деҳаи Қурбоншаҳид, дарёи Ёхсу дар шаҳраки Восеъ, дарёиТоирсу ҷамоати Кангурт, барои барқарорсозии соҳили дарёи Сурхоб дар деҳаҳои Танобчӣ ваҶайралӣ, барқароркунии сойи Теболай дар шаҳри Кӯлоб 7 462 000 сомонӣ маблағҳои зарурӣҷудо гардид. Дар семоҳаи аввали соли 2007 бошад, 5212500 сомонӣ ҷудо гардида буд. Дар давоми семоҳаи соли 2008 барои корхои сохилмустахкамкунӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2007, 2249500 сомонӣ зиёдтар маблағгузорӣ шудааст.
Дар се моҳи сипаригашта иҷрои «Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бамасъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2008» ташкил ватаҳти назорати доимӣ қарор дода шуд. Чунончи, дар ин давра аз ҷониби Кумита гузаронидани31 чорабинии ба нақша гирифта шуда, дар мӯҳлати муқарраршуда гузаронида шуд.
Дар Маркази таълимию-методии Кумита ва курсҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва минтақаҳо, инчунин дар иншоотҳои иқтисодии ҷумҳурӣ оид ба мудофиаи гражданӣ - 489 886 нафар омӯзонида шуданд.
Ҳамкориҳои судманд бо гурӯҳи PEAKT (гурӯҳи омӯзишии фаврии ҳолатҳои фавқулодда) вабарномаи GTZ –и Олмон барои амалӣ намудани барнома «Оид ба идоракунии хатарисадамаҳои табиӣ дар водии Зарафшон», бо ташкилоти «Миссия Шарқ» ва як қатор лоиҳаҳоидигар идома дорад.
Инчунин, бо сабаби дар ҷумҳурӣ ба амал омадани буҳрони энегетикӣ ва муроҷиатиҲукумати Ҷумҳурӣ ба кишвар ёрии башардӯстона аз давлатҳои Арабистони Саудӣ,Федератсияи Руссия, Испания, Туркманистон, Қазоқистон, Алҷазоир, Чехия, Япония, Эронворид гардид ва афсарони Кумита дар қабул ва интиқоли онҳо иштирок намуданд.
Дар семоҳаи аввал мувофиқи нақшаи ҳамкориҳо бо ташкилоти башардӯстонаи гуманитарии«Оксфам»-и Британияи Кабир тайёр намудани нерӯҳои кофтуковию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ,мувофиқи «Барномаи аввалияи тайёрии наҷотдиҳандагон ва такмили ихтисоси онҳо» дарСитод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон171 нафар наҷотдиҳандагон омӯзонида шуданд. Дар баробари тайёр намудани наҷодиҳандагон аз тарафи кормандони Кумита рӯзҳои шанбе дар машқгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ тайёрӣ ба машқҳои давраи зимистона бо фармони Раиси Кумита ва сармоягузории ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «Хилсверг» Австрия дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва Рӯдакӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд. Дар машқҳо зиёда аз 200 нафар наҷотдиҳандагон иштирок намуданд.
Дар ҳамин давра як қатор кормандони Кумита дар конфронси асосӣ оиди бананақшагирӣ,тамриноти «Ҳамкориҳои минтақавӣ», «Кофтуков ва наҷотдиҳӣ», вохӯрии аввалини корииташкилотҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ,эътино ва омодагӣ ба садамаҳои радиатсионӣ, ҷаласаи минтақавӣ оид ба масъалаҳои пасткардани хавфи офатҳои табиӣ дар водии Фарғона ва ғайраҳо ширкат варзиданд.
ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
18 апрели соли 2008
ш. Душанбе
Маркази матбуоти
КҲФ ва МГ ҲҶТ
Тел : 223-17-93