Дар нимсолаи аввали соли 2008

Дар  нимсолаи аввали соли 2008 дар ҷумҳурӣ  мувофиқи маълумотҳои воридшуда 75 ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омаданд, ки бар асари онҳо  16  нафар шаҳрванди ҷумҳурӣба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин 33 нафари дигар ҳангоми оббозӣ ғарқ гардиданд.
Аз офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳамаги 1807 хонаҳои истиқоматӣ ба маблағи 2264,5 ҳазор сомонӣ зарар диданд, ки 106 адади он пурра хароб гардиданд.
Миқдори фавтидагон аз сухторҳои рухдода - 23 нафар, 23 нафар шаҳрванд ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
   741 ҳодисаҳои садамаи нақлиетӣ  рух дод,  ки дар натиҷа 181 нафар ҳалок гардида, 850 нафари дигар зарари чисмонӣ гирифтанд.
Бар асари сардии ҳаво ва нарасидани захираҳои ему хошок дар нимсолаи аввал 89593 сар ҳайвоноти гуногуни хоҷагии қишлоқ нобуд шуд, аз он чумла, 8387 сар чорвои шохдори калон, 41304 сар чорвои шохдори майда ва 1733 сар асп.
Маблағи умумии зарари дар нимсолаи аввали соли 2008 аз офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ расида, дар асоси ҳуҷҷатҳои воридшуда  78 млн 760 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда нисбати нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли 2007 ба маблағи 32 миллиону 628ҳазор 700 сомонӣ зиёдтар аст.
   Дар асоси пешниҳодҳои мутахассисони Кумита ҷиҳати корҳои барқарорсозии иншоотҳои аз офати табиӣ зарардида  барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтмони садд ва обгардонҳо 10  миллиону308 ҳазору 23 сомонӣ маблағҳои зарурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷудо гардид.
Дар минтақаи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳаҷми 894 метри мураббаъ тахтасангҳои оҳанию бетонӣ рехта  шуд. Бо техникаҳои махсус 10500 метри мураббаъ хокро коркард карда, соҳили дарёро мустаҳкам намуданд. Ҳаҷми ҳамаи корҳои иҷрошуда дар нимсолаи авали соли ҷорӣ 96 % - маблағи ҷудошударо ташкил медиҳад.
   Дар ин давра бо пешниҳоди Кумита ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза кардани роҳҳо аз барфу тарма миқдори зарурии маводи сӯзишворӣ аз ҳисоби захираҳои эҳтиётии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷудо карда шуд.
Дар соли 2008  малах дар Ҷумҳурӣ дар масоҳати 108915 га паҳн гашт. Дар масоҳати 201700 га корҳои таҳқиқотӣ амалӣ гардида, дар масоҳати 97334 га корҳои коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Барои гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах 652 нафар хизматчии ҳарбии  ВМ ва Кумита сафарбар гардиданд.
   Бо дархости Кумита, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон барои ташкили гурўҳи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ дар Кумита  як трейлер-присеп бо ҳама таҷҳизотҳои зарурии воситаҳои ҳифзи инфиродӣ  ҷудо намуд, ки он ба Лабораторияи ҷумҳуриявии кимиёвию радиометрии Кумита супорида шуд.
   Дар миқёси ҷумҳурӣ дар давоми нимсолаи аввали соли 2008 бо тахассусҳои гуногуни омўзиш  678ҳазору 93 нафар аҳолӣ ба омўзиш фаро гирифта шуд. 305 адад машқҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 116 адад зиёд аст.
Дар нимсолаи аввал мувофиқи нақшаи ҳамкориҳо бо ташкилоти башардўстонаи гуманитарии «Оксфам»-и Британияи Кабир мувофиқи «Барномаи аввалияи тайёрии наҷотдиҳандагон ва такмили ихтисоси онҳо» дар вилояти Хатлон 171 нафар наҷотдиҳандагон ба омўзиш фаро гирифта шуданд.
   Дар машқгоҳи ноҳияи Рўдакӣ тайёрӣ ба машқҳои давраи зимистона бо сармоягузории ташкилоти байналхалқии ғайридавлатии «ХИЛСВЕРГ-АВСТРИЯ» машғулиятҳо гузаронида шуд. Дар машқ зиёда аз200 нафар наҷотдиҳандагон ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии 45045 иштирок намуданд ва 203  нафар наҷотдиҳандагони ҷамъиятӣ аз аттестатсия гузаронида шуд. 27-29 июни соли равон дар шаҳри Душанбе 2 чорабинии муҳими аҳамияти байналмилалидошта – Конфренсияи байналмилалӣ оид ба коҳиши офатҳои табиии марбут ба об» ва Ҷаласаи 13 –уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта баргузор гардид, ки Кумита дар омодасозӣ ва гузаронидани онҳо фаъолона иштирок намуд.
Барои гузаронидани Ҷаласаи Шўрои байнидавлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта намояндагони 8 давлати ИДМ ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷамъ омада, зиёда аз 23 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
         Миёни Кумита ва намояндаи Лигаи байналмилалии духтурон дар Тоҷикистон, «Миссияи Шарқ», Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, Барномаи GTZ  меморандумҳо ба имзо расид. Инчунин, як қатор вохўриҳо: роҳбарияти Кумита бо директори Дафтари минтақавии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ, намояндаи Котиботи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Ҳамкориҳои судманд бо гурўҳи PEAKT (гурўҳи омўзиши фаврии ҳолатҳои фавқулодда) ва барномаиGTZ–и Олмон барои амалӣ намудани Барнома «Оид ба идоракунии хатари садамаҳои табиӣ дар водии Зарафшон», бо ташкилоти «Миссияи Шарқ» ва як қатор лоиҳаҳои дигар идома дорад.
        Аз аввали сол мувофиқи нақша ва берун аз он Кумита зиёда аз 60 маротиба ба воситаи ахбори омма, хусусан телевизион ва радио оид ба фаъолияти Кумита барномаҳои таблиғотӣ пешниҳод намуд.
       Дар хамкорӣ бо Агентии обуҳавошиносӣ шарҳномаи вазъи обу ҳаво қабул ва дастрас гардида, дар шакли ҷадвали электронӣ ба базаи маълумотӣ ворид карда шуд.
   Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 69 амалиётҳои  кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ гузаронид.
Бо сабаби дар ҷумҳурӣ ба амал омадани бӯҳрони энергетикӣ ва муроҷиати таъҷилии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба кишвар ёрии башардўстона аз давлатҳои Арабистони Саудӣ, Руссия, Испания, Туркманистон, Қазоқистон, Алҷазоир, Чехия, Япония, Эрон ворид гардид, Кумита дар қабул ва интиқоли онҳо фаъолона иштирок намуданд.
   Дар доираи муоҳидаҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай барои аҳолии аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Халқии Хитой аз тарафи Кумита ёрии башардўстона дар ҳаҷми 50 000 доллари амрикоӣ расонида шуд.
   Ҳайати шахсии Кумита ба корҳои  сохтмонии «Қасри Миллат» ва таъмирии Кохи Борбад ҷалб карда шуда, дар чорабиниҳои  ободонӣ, кабудизоркунӣ ва  барқарорсозӣ дар ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд.
ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
18 июли соли 2008

ш. Душанбе
Маркази матбуоти                                                                                                              
РКТ КҲФ ва МГ ҲҶТ                                                                                                              

Тел : 223-17-93