ҚАРОРИ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи тартиби таъсис додани нерўҳои ғайриҳарбии
мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» бо мақсади ба роҳ мондани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир дар иншоотҳои иқтисодӣ, инчунин барои гузаронидани дигар чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Номгўи замимагардидаи нерўҳои мудофиаи гражданӣ ва баҳисобгирии тахминии таъсис додани онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
- Таъсиси нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ аз ҳисоби кормандони штатии вазорату идораҳо, иншоотҳои иқтисодӣ ва муассисаҳо муқаррар карда шуда, таъминоти моддию техникии онҳо аз ҳисоби маблағҳои ҳамин вазорату идораҳо, иншоотҳои иқтисодӣва муассисаҳо анҷом дода шавад.
- Роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ки дар заминаашон нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ таъсис дода мешаванд, онҳоро бо ҳайати шахсӣ пурра намуда, таъминоти моддию техникӣ ва молиявии нерўҳои мазкурро амалӣ созанд.
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати ду моҳ Низомномаи нерўҳои ғайринизомии мудофиаи гражданиро таҳия ва тасдиқ намуда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба қайд гирифтан пешниҳод намояд.
- Ҳукумати вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои мутобиқи қарори мазкур тасдиқгардидаро таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ва роҳбарии методии фаъолияти ҳамарўзаи нерўҳоиғайриҳарбии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад