27-уми июли соли равон генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Барномаи ҷаҳонии озуқа бо сарварии Рупак Манваткар – роҳбари лоиҳаи Барномаи ҷаҳонии озуқа оид ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ мулоқот кард.
Сарвари КҲФ ба меҳмонон дар бораи корҳои анҷомшуда оид ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар қаламрави кишвар нақл кард. Вай аз ҷумла зикр намуд, ки яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани офоти табиӣ ин бидуни шак тағйирёбии иқлим аст.
Рустам Назарзода ба ҷаноби Манватка барои расонидани кӯмаки башарӣ ба аҳолии зарардида дар ҷараёни офатҳои табиӣ дар баҳор ва тобистони соли ҷорӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
“Ман мехоҳам барои кӯмаки башардӯстонае, ки Барномаи созмони ҷаҳонии озуқа ба аҳолии зарардида расонд, изҳори ташаккур кунам, чун онҳо дар он шабу рӯз ниёзманди ин гуна ёриҳо буданд”, - гуфт сарвари Кумитаи ҳалатҳои фавқулодда.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, эътино ба фалокатҳо, ҳамкориҳо дар масъалаи иттилоърасонӣ ва огоҳ намудани мардум дар бораи хатарҳо ва таҳдидҳо ва омодасозии мутахассисон-наҷотдиҳандагон ва расонидани ёриҳои техникиро мавриди барссаӣ қарор доданд.
Дар поёни мулоқот ду тараф ба ин натиҷа расиданд, ки механизми мавҷудаи ҳамкориҳо миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ имкон медиҳад дар оянда низ ба таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимат кунанд.