Наҷоти одамони дучори садама дар дарёи Варзоб

Дар як амалиёти наҷоти одамони зери садамаи нақлиётимонда кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷони се нафарро аз хатар наҷот доданд.
Гуфта мешавад, ки дина бегоҳ як мошини боркаш бар асари садама ба дарёи Варзоб сарозер шудааст.
Ронандаи мошине, ки мутааллиқ ба хоҷагии манзилию комуналии ноҳияи Варзоб буда, партовҳоро аз ҷойе ба ҷойи дигар интиқол медод, аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст. Дар натиҷа мошини боркаш бо се мусофираш ба дарё фуру рафтааст.
Амали фаврии кормандони Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд, ҷони се танро аз ҳалокат наҷот бахшид.
Онҳо хеле ба зудӣ ин се ғарқшударо зинда аз дарё берун кашиданд.
Дар айни замон корҳои аз дарё ба соҳил кашидани мошини боркаш идома доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки зарфи шаш моҳи сипаришуда кормнадони КҲФ 44 нафарро аз хатар наҷот доданд. 

барчасп: