Бар асари инфиҷори баллони газ дар бинои баландошёна воқеъ дар шаҳри Шахтаи вилояти Ростов як нафар ба ҳалокат расидаву 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар миёни захмишудагон ду нафар кӯдакон мебошанд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Русия ТААС истинодан ба манбаъҳои ҳокими вилоят хабар додааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ошёнаҳои ҳаштум ва нуҳум хароб шудааст. То ҳол хабари дақиқи талафоти ҷонӣ дастрас нест.
Мақомот мегӯянд дар ҷойи ҳодиса хадамоти фаврии наҷот саргарми коранд. Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия низ хабари инфиҷори газ дар Шахтаро тайид кардааст ва гуфтааст, ки то кунун 7 нафарро наҷот додаанд.
Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки сабаби инфоҷор истифодаи ноҷои баллони газ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ будааст.
Интерфакс аз қавли Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар додааст, ки аз 72 манзили истиқоматии ин бино 4 манзил зарар дидааст. Аз бино 140 нафар сокинон ба ҷойи амн интиқол дода шудаанд.
Губернатори вилоят дар суҳбаташ бо сокинон гуфтааст, ки зарардидагон аз 200 то 600 ҳазор рубл кумак дарёфт хоҳанд кард. Аммо хонаводаи хонуми аз фоҷеа фавтида 1 миллион рубл кумакпулӣ дарёфт хоҳад кард.
Сарвари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дастур додааст, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанд.
Пештар дар шаҳри Магиногорски Русия низ ҳодисаи таркиши бино аз баллони газ ба қайд гирифта шуда буд. Бар асари он фоҷеаи мудҳиш 39 нафар ҷони худро аз даст дода буданд, ки 4 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Ҳалокати одамон бар асари инфиҷори газ дар Русия зарфи 18 соли охир
8 феврали соли 2000 дар натиҷаи таркиши баллони газ дар бинои панҷошёнаи шаҳри Хабаровск 13 нафар ҳалок шуданд. Таркиш сӯхтори шадид ба дунбол дошт.
20 августи соли 2002 дар шаҳри Маскав, дар бинои панҷошёнаи хиштӣ воқеъ дар кӯчаи Академик Королёв газ таркид ва дар натиҷа 8 нафар куштаву 7 тани дигар бо ҷароҳат бистарӣ шуда буданд. Ин таркиш 11 хонаводаро, ки дар он ҷамъан 48 нафар зиндагӣ мекарданд, бехона кард.
16 марти соли 2004 дар натиҷаи таркиши баллони газ дар Архангелск 16 нафар ҳалок шуданд ва 58 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
14 январи соли 2008 дар Железноводски кишвари Ставропол як баллони газ дар бинои панҷошёна чор манзили сокинонро хароб кард. Шаш нафар куштаву се нафар бистарӣ карда шуда буданд.
25 июни соли 2011 дар Владикавказ таркиши газ ҷони 7 нафарро рабуд ва 55 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуданд.
27 феврали соли 2012 дар як бинои нӯҳошёнаи Аштархон таркиши газ 62 оиларо бехона кард. 10 нафар ҳалок шуданд ва 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
11 ноябри соли 2013 дар шаҳраки Загорски Далии назди Маскав таркиши газ ҷони 7 нафарро рабуд, 11 хонаро хароб кард.
6 апрели соли 2014 бар асари инфиҷори газ дар хонаи дуошёнаи истиқоматӣ дар шаҳраки Конезаводи вилояти Омск 5 нафар ҷон бохтанд, 9 нафар бистарӣ шуданд.
29 октябри соли 2015 дар шаҳраки Корфови кишвари Хабаров таркиши газ дар бинои дорои 23 манзили истиқоматӣ 5 нафарро кушт, ки яке аз онҳо тифлаки ширхора буд.
16 феврали сол 2016 дар ноҳияи Фрунзеи Ярослав аз таркиши газ 7 нафра кушта шуданд ва 25 манзили истиқоматӣ зарар дид.
23 октябри соли 2016 дар шаҳри Рязон бар асари таркиши газ дар бинои даҳошёна 7 нафар куштаву 16 тан захмӣ шуданд.
16 майи соли 2017 дар як бинои чаҳорошёнаи шаҳри Волгоград инфиҷори газ 16 манзили истиқоматиро хароб кард ва чор нафар ҳалок шуданд.
9 ноябри соли 2017 аз таркиши газ дар бинои истиқоматӣ 7 нафар ба ҳалокат арсиданд, ки ду тани онҳо кӯдакон буданд.
Ва ниҳоят: 31 декабри соли 2018 дар Магнитогорск бар асари инфиҷори газ 39 нафар ҳалок шуданд, ки 4 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.