Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа

Муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шоҳиён Р.М

Генерал-лейтенант Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа 12 марти соли 1963 дар деҳаи Муллокенҷаи ноҳияи Ҷиргатол таваллуд шудааст.

Соли 1985 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси  муҳандис - механик ва  соли 2010  Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 1986 то соли 1993 дар хоҷагии ба номи Рӯдакии ноҳияи Файзобод дар вазифаҳои муҳандис ва муҳандиси калони МТП фаъолият намудааст.

Солҳои 1993 - 1996 дар вазифаи муҳандиси дараҷаи якуми  «Тоҷикгидроэнергострой» - и иттиҳодияи лоҳикаши ва сохтмони «Роғунгэсстрой» ва аз соли 1996 то соли 1998 дар вазифаи президенти ширкати истеҳсолии «Анушервон» -ро дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1998 - 2008 дар вазифаҳои сардори Раёсати оперативӣ-муовини Сардори Ситоди асосии Кумита, сардори Сарситод - муовини аввали вазири Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВҲФ ва МГ),  Сардори Раёсати оперативӣ - муовини сардори Сарситоди асосии ВҲ ва МГ, директори генералии хоҷагии аграрии истеҳсолии «Наҷот», сардори Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, сардори Раёсати ақибгоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, нақлиёт ва техника ва хоҷагии ёрирасони «Наҷот» -и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати (КҲФ ва МГ) Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Аз соли 2008 то ҳол дар вазифаҳои муовин ва муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамояд.

Барои хизматҳои шоистааш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст.