Дар остонаи Соли Нав қисми ҳарбии Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби бинои нави Ситод шуд. Ин бино бо навтарин техника муҷаҳҳазонида шудааст.
Бо мақсади фаъол гардонидани чораҳо оид ба таҳкими моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фаавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ 31 декабри соли 2018 бинои нави дуошёнаи Ситод ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи бино ҷонишини Раиси КҲФ полковник Ҷ.Маҳмадзода иштирок намуд.
Бинои Ситод барои идораи воҳидҳое хизмат мекунад, ки дар итоати қисми ҳарбӣ мебошанд. Дар ин бино инчунин чандин утоқҳои хидматии дигар, қисми навбатдорӣ ва утоқҳои корӣ низ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин утоқҳо бо техникаи навтарин ва муосир, аз ҷумла компутерҳо, воситаҳои алоқа, камераҳо, мебелҳои нав ва системаи гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошанд.