Дастоварди варзишкорони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ

Мужади солинавӣ аз шаҳри Хоруғ: тими ширкаткунандаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар мусобиқоти варзишӣ барои дарёфти “Ҷоми вазири корҳои дохилӣ” оид ба волейбол ва тениси рӯи миз соҳиби ҷойи дуюм шуд.

Бо мақсади таблиғи тарзи зиндагии солим, боло бурдани омодагиҳои ҷисмонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳои вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мусобиқоти варзишӣ оид ба футбол, волейбол, шатранҷ , шашка ва тенниси рӯи миз барои дарёфти “Ҷоми вазири корҳои дохилӣ” баргузор шуд.

Дар ин мусобиқот тими варзишкорони  Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ширкат намуд. 

Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқа аз 12 тими ширкаткунанда тими Раёсати КҲФ дар ВМКБ оид ба волейбол ва тениси рӯи миз соҳиби ҷойи дуюм шуд. 

Ҳамкоронамонро барои ин дастовард муборакбод мекунем!

барчасп: