Агар ин мошин саворае медошт, ҳатман осеб медид ва ё шояд ҳалок мешуд. Фурӯ рафтани мошин ба дарё дар аксар мавридҳо бо фоҷеа меанҷоманд. Вале ин бор онро беосеб аз рӯдхона берун кашиданд. Беэҳтиётии ронанда сабабгори ин рӯйдоди нохуш шудааст.
Дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар аз дарёи Душанбе мошини сабукрави тавлиди Русияро берун кашиданд.
Хабар дар мавриди ин ҳодисаи нохӯш ба қисми навбатдории Кумита аз ронандаи мошин расид. Вай хабар дод, ки мошини сабукрави ГАЗ 31-02 дар канори Душанба ба оби рӯдхона фурӯ рафт.
Кормандони наҷот худи ҳамон замон ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои аз об беозору безарар берун кашидани мошин кормандони КҲФ-ро лозим омад аввал сангу сангрезаҳоро бо дастонашон тоза кунанд, буттаҳоро буранд ва баъдан мошинро бо ёрии лебедка берун кашиданд.
Хушбахтона, ҳангоми ин ҳодисаи нохӯш ва ин садамаи пурхатар касе осеб надид, чун мошин холӣ буд. Ронанда ҳангоми ист фаромӯш карда буд, ки мошинашро дар тормузи дастӣ нигоҳ дорад, аз ин рӯ “Волга” ба дарё рафт.