Ифтихорномаҳои Раиси Хатлон ба бонувони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоят

Барои иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои муҳим, ҳамчунин ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилоят чанд нафар аз бонувони Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз номи Раиси вилоят бо Ифтихономаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар доираи  татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занондар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2011-2020” ва фаъолтар намудани нақши бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамчунин пешгирии содир шудани ҷиноятҳо, нашъамандӣ, худкушиҳо, ҷалби бонувону духтарон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар масоил дар шаҳри Бохтар сеюмин Форуми заноне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилояти Хатлон кор мекунанд, баргузор шуд. Ин ҷаласа таҳти раёсати ҷонишини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода доир гардид.

Дар кори Форум кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ширкат ва суханронӣ намуданд. 

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ва донишҷӯёни макотиби миёнаи касбӣ ва олӣ ширкат доштанд.

Барои иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои муҳим, ҳамчунин ҳамкориҳо бо мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилоят чанд нафар аз бонувони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон аз номи Раиси вилоят бо Ифтихономаҳо сарфароз гардонида шуданд.

барчасп: