Омодагии саривақтӣ ба офатҳои табии эҳтимолӣ яке аз вазифаҳои аслӣ ба шумор меравад ва чун маъмулан ин офатҳо ногаҳонӣ сар мезананд, бояд аз қабл омода буд. Ин аст, ки дар остонаи сардиҳои зимистон кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд даст ба роҳандозии як силсила корҳои таблиғотӣ дар миёни аҳолии вилоят задаанд.
Сардори бахши матбуотии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Бутаева хабар дод, ки ахиран тибқи супориши Сардори Раёсат баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, таъмини бехатарии аҳолӣ дар минтақаҳои хавфнок, роҳандозии корҳои таблиғотӣ оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, огоҳсозии саривақтии аҳолӣ дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд, Шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат ёфтаанд.
Рӯзҳои 13-14 декабри соли 2018 дар Ҷамоати деҳоти Шаҳристон деҳаи Бакробод ва ҷамоати деҳоти Бунҷикат деҳаи Ободӣ бо иштироки Раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳот, фаъолони деҳа, хонандагони синфҳои 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и деҳаи Ободӣ дар маҷмўъ бо 85 нафар аз ҷониби сардори бахши Раёсат Кумитаи ХФ ва МГ-и вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон капитан Муродов Х. ва мутахассиси бахш Азиммуров И. барои пешгирии рух додани ҳолатҳои фавқулодда корҳои таблиғотӣ гузаронида шуданд.
Сардори Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ХФ ва МГ-и вилояти Суғд дар ноҳияи Шаҳристон капитан Муродов Х. аз ҷумла иброз дошт, ки мутаасифона, офатҳои табиӣ ва пешгирӣ намудани онҳо айни ҳол барои инсоният мушкил аст. Бинобар бар асари шамолҳои сахти охирҳои моҳи декабри соли 2017 дар ҳудуди вилоят алалхусус дар ноҳияи Шаҳристон боиси зарар дидани болопӯши хонаҳои истиқоматӣ, дарахтҳои мевадиҳанда ва ороишӣ, канда шудани интиқоли хаттӣ барқ шуд.
Номбурда ҳамчунин оид ба сардиҳои зимистон ҳарф зад ва ба захира маводҳои ғизоӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, ҳезум, ангишт, пешгирии омадани сел, шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сӯхтор, маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф ва яхобмонии заминҳо ҳамзамон зери назорати қатъӣ қарор додани минтақаҳои хавфнок, ташкил ва гузаронидани ҳашарҳо ва тоза намудани минтақаҳои хавфнок, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, шинондани ниҳолҳо дар селроҳаҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Ба саҳми Раиси Ҷамоат ва маҳаллаҳо расонида шуд, ки дар давоми зимистонгузаронии солҳои 2018-2019, ки дар фасли баҳор ва оғози боришоти баҳорӣ, таъғирёбии боду ҳаворо дар Ситоди доимамалкунандаи ноҳия, ҷамоати деҳот барарсӣ ва барои пешгирии рух додани ҳолатҳои фавқулодда бо аҳолии маҳаллаҳои ҷамоатҳо вохӯриҳо гузаронанд.
Дидору мулоқот оиди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳонидани аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷамоатҳои ноҳия идома доранд.