Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Кумитаи шӯрои федератсияи мудофиа ва бехатарии Федератсияи Россияро бо сарварии ҷонишини раиси кумитаи мазкур Михаил Козлов ба ҳузур пазируфт.
Рустам Назарзода меҳмононро бо шарҳи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, чораҳое, ки Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ меандешад, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт, аз ҷумла ҳамкориҳо бо Россия, шинос намуда, масъалаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистонро дар муассисаҳои олии махсуси Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Россия ба миён гузошт. Ҳамчунин, дар мулоқот ҳамкориҳои созандаву пурсамар миёни ду кишвар дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаро махсус зикр карда, ба ҷониби Россия барои дастгирии ҳамешагӣ дар тӯли солиёни дароз изҳори миннатдорӣ намуд.
Ба гуфтаи Рустам Назарзода, ҳамкориҳои наздик имкон медиҳанд, ки пайваста ба ҳамдигар кӯмак ва ба таври фаврӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зиёнёфта ёрӣ расонем. Зеро ҳадаф якест: наҷоти ҳаёти инсон.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо манфиатбахш дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ моҳи октябри соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия нақшаи ҳамкориҳои муштарак барои солҳои 2018-2019 имзо шуда буд.
Дар идомаи вохӯрӣ ҷонишини раиси Кумитаи шӯрои федератсия оид ба мудофиа ва бехатарии Федератсияи Россия Михаил Козлов иброз дошт, ки Россия ҳама тарҳҳо ва барномаҳои муштаракро дастгирӣ мекунад ва барои татбиқи амалии онҳо талош меварзад. Ин барои таҳкими имкониятҳои ду кишвар дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода мусоидат мекунад.
Дар охир, ҷонибҳо ба ҳамкории боз ҳам наздиктар ба манфиати Тоҷикистон ва Россия изҳори умед карданд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»
Шакли комили ин навишта ин ҷост:
http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=36119