Ҷамъбасти натиҷаҳои як тарҳи дусола аз ҳамкориҳои байналмилалӣ дар кишвар

15 декабри соли 2018 ҷаласаи ҷамъбастии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории ҷомеа аз тариқи якҷоя намудани коҳиши хатари офатҳо ва тағйири иқлим дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд (DIPECHO-10)», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардид, баргузор шуд.

Дар ҷаласа кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати давлатии зидди сӯхтори вилояти Хатлон, намояндагони ҳукуматҳои иҷроияи маҳаллӣ, роҳбарои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон иштирок намуданд. 

Дар ҷараёни ҷаласа масоили натиҷаҳои фаъолияти Созмонҳои ихтиёрии наҷот дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, ки дар доираи Системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои вазъи фавқулодда сохта шуда буд, баррасӣ гардид. Рӯнамоии фаъолияи онҳо оид ба ҳуҷҷатикунонӣ, ширкат дар омӯзишҳо ва чорабиниҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ баргузор шуд. 

Аз рӯи ҷамъбасти баррасиҳо гурӯҳи беҳтарини наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ муайян гардид. Тибқи ин арзёбӣ ҷойи аввал насиби гурӯҳ аз ҷамоати Рарзи ноҳияи Айнӣ шуд ва наҷотдиҳандагони ихтиёрии ҷамоати Гулободи ноҳияи Восеъ соҳиби ҷойи дуюм шуданд, наҷотбахшон аз ҷамоати Томини ноҳияи Айнӣ ҷойи сеюмро ишғол карданд. Ба ғолибон ҷоизаи хотиравӣ тақдим гардид. 

Бояд қайд кард, ки тибқи лоиҳа дар маҷмуъ 20 гурӯҳи ихтиёрии наҷот ташкил карда шуда буд, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурии наҷот барои роҳандозии корҳои бартарафсозии офатҳои табиӣ таъмин шуда буданд ва омӯзиш ҳам дида буданд. Дар маҷмуъ 14 лоиҳа оид ба коҳиши оқибатҳои офатҳои табиӣ дар доираи Системаи  ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ амалӣ гардид. 

Ин лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо оид ба ёриҳои башарӣ ва ҳимояи гражданӣ (ECHO) сармоягузорӣ шуд ва онро  Ассотсиасияи OXFAM дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоятҳои Хатлон ва Суғд  аз соли 2016 то 2018 амалӣ намуд.

барчасп: