Бо мақсади омодагии касбии кадрҳо дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин ошноӣ бо касби ояндаи худ 13 нафар курсантони соли чоруми таҳсил дар факултаи № 5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд.
Дар ҷараёни шиносоӣ наҷотдиҳандагони оянда бо фаъолияти маркази омӯзишӣ ва воҳидҳои сохтории Кумита аз наздик ошно шуданд.
Сардори Маркази таълимӣ ҷавонони донишҷӯро бо таърихи ташкилёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ташаккули он дар марҳилаи ҳозира шинос намуд ва ин бешак ба интихоби роҳи зиндагӣ, рушди зарфиятҳо ва ширкати масъулиятшиносона дар нумуъу ваинкишофи минбаъдаи соҳа ва дар умум кишвар мусоидат хоҳад кард.
Вай ҳамчунин донишомӯзони ҷавонро бо маълумоти 11 моҳи фаъолияти Кумита ва офатҳои табииву ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар шинос кард. Санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти ниҳоди наҷоти кишварро танзим мекунанд, хадамоти фаврӣ, таҷҳизотҳои техникии Кумита барои роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷотро муфассал баррасӣ намуд.
Дар поёни мулоқот ба курсантҳо орзу намуданд, ки ҳар кадомаашон дар роҳи интихобкардаи худ барои хизмати содиқонаву содоқатмандона ба Ватан собитқадам бошанд ва дар оянда бо як ҷаҳон шарафу эҳтиром созовори ноил гаштан ба номи наҷотбахшони ниҳод дар тӯли фаъолияти кории худ бошанд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар Академияи ВКД Тоҷикистон бахши омӯзиш ва омода кардани кадрҳо барои таъмини бехатарии аҳолӣ дар сӯхторҳо ва бартарафсозии ҳолатҳои авқулодда ташкил карда шудааст.