Ҳамоиши тарҳрезиҳои чорабиниҳои муштарак дар Душанбе

Дар оламе, ки оромиш надорад, ҳар кор метавонад ба вуҷуъ пайвандад. Аз ҷумла, кӣ метавонад гуфт, ки як замоне аз ин ё он кишвари ҳамсоя мавҷи оворагону паноҳандагон ба мамлакати мо сарозер намешаванд? Ин аст, ки на танҳо Тоҷикистон, балки дилхоҳ мамлакати олам бояд омодаи пазириш бошад. Вале бархӯрдоҳои аввал бо оворагон худ фарҳанги алоҳидаест, ки чигунагии омодагиҳои кишварро ба намоиш мегузорад. Ва ҳадафи дуюмин омӯзишҳои саҳроии алоқаманд ба вуруди эҳтимолии паноҳандагон низ тамрини чораҳои муштарак аст.

Бо мақсади ташкил ва тарҳрезии баргузории омӯзишҳои дуюми саҳроӣ оид ба вокуниши нерӯҳо ва воситаҳои алоқаманд ба вуруди оворагон, ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба ҳамоҳангиҳо миёни вазорату идораҳо – аъзои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвар дар шаҳри Душанбе семинари таҳияи нақшаи байниидоравӣ доир гардид.

Дар кори ин семинар ҷонишини Раиси Кумитаҳи ҳолатҳои фавқулодда, полковник Ҷ.Маҳмадзода ширкат ва суханронӣ намуд. 

Дар ҳамоиш ҳамчунин Сарвари Намояндагии минтақавии Раёсати СММ дар умури паноҳандагон дар Осиёи Марказӣ хонум Ясуко Ода, Роҳбари Намояндагии ҳамин Раёсати СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вито Трани ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар ҷараёни семинар масъалаҳои тарҳрезиҳои омӯзишҳои дарпешистода таҳия шуданд. Ҳамчунин камбудиҳои омӯзишҳои гузашта, ки баҳори соли ҷорӣ баргузор шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

барчасп: