Баррасии масоили мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим дар вилояти Хатлон

Иқлими олам тағйир меёбад ва дар Тоҷикистон низ ин эҳсос мешавад. Тағйири иқлим худ зояндаи мушкилоти дигар аст, ки дар баъзе ҳолатҳои муҷиби офатҳои табиӣ метавонад бишавад. Ва сохторҳову ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулоддаро лозим меояд ба ин гуна тағйироту ба ин гуна пешомадҳо омода бошанд. Маҳз ҳамин буд мӯҳтавои баррасии чанд масоил дар “мизи мудаввар”-е, ки ахиран дар маркази вилояти Хатлон доир гардид.

Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо дастгирии созмони байналмилалии  «Оксфам» ва  «Каритас  Швейсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”мизи мудаввар” дар мавзуъи “Мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва коҳиши хатари офатҳо” баргузор шуд.  

Дар ин нишаст намояндагони ҳукумати иҷроияи маҳаллии вилоят, Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон, кормандони Раёсати КҲФ ва воҳидҳои сохтории он иштирок намуднд. 

Дар “мизи мудаввар” масъалаҳои пешгирии офатҳои табиӣ, огоҳсозии саривақтии аҳолӣ, амалҳои муштарак ҳангоми ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ баррасӣ шуданд. 

Ҳадафи аслии чорабинӣ ин ҷамъоварии маълумот барои таҳқиқот дар самти мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва қабули чораҳои зарурӣ барои татбиқи қарорҳои қабулшуда мебошад.

барчасп: