Боз ҳам аз савганди наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

1 декабри соли 2018 дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуммати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ширкат намуд.

Дар ин маросими ботантана ва хотирмон ҳамчунин волидони наваскарон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои наздик ба қисми ҳарбӣ, дӯстону пайвандони сарбозон ширкат намуданд. 

Баъди фармони омода намудани ҳайати шахсӣ ба савганди ҳарбӣ наваскарон яке паси дигаре ба номи Ватани маҳбуб ба хотири иҷрои қарзи шаҳрвандӣ савганди садоқат ёд карданд.  

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода – Сарвари КҲФ ба наваскарон бо суханони табрикотӣ муроҷиат намуд: “Лозим аст ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки дар муддати бештар аз ду даҳсолаи охир артиши миллии мо ба як мактаби тарбияи ватандӯстӣ, ҷасорату мардонагӣ табдил ёфт ва имрӯз ҳазорон нафар тарбиядидагони ҳамин мактаби инсонсозанд. Имрӯз шумо ба сафи нерӯҳои КҲФ шомил шудед, тиме, ки аз мардони ҷасуру шуҷоъ иборат аст ва онҳо омодаи иҷрои вазифаҳои хидмативу шаҳрвандӣ дар ҳар лаҳза мебошанд”.

Дар доираи ин рӯзи хотирмон кормандони бахши садамаву наҷот дар назди наваскарон амалҳои наҷоти одамон ва иншоот дар ҳолатҳои фавқулодда бо ташкили бемористони саҳроӣ ва истифодаи техникаи махсуси Кумита намоиш доданд. 

Баъди маросими савгандёдкунӣ наваскарон ба қисмҳо ҷудо шуданд ва акнун ба омӯзишу машқҳои ҳарбӣ оғоз хоҳанд кард. 

 

барчасп: