Лоиҳа бо БРО

Бонки Осиёии Рушд Ҷумҳурии Тоҷикистонро беҳтарин татбиқкунандаи тарҳҳои ин бонк он донист

Дафтари намояндагии Бонки Осиёии Рушд Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро дар миёни даҳ кишваре, ки тарҳҳои ин бонкро татбиқ мекунанд, беҳтарин донист. Масъули иҷрои ин лоиҳа Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Директори кишварии БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Прадип Сривастава Кумитаро бо ифтихорнома барои татбиқи пурсамар сарафроз гардонд.

Ҷаласаи татбиқи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо дар шаҳри Душанбе

24 июли соли 2019 дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо “мизи муддавар” бо ширкати намояндагони 14 вазорату идораҳо ва 10 созмони байналмилалии муқими Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант  Назарзода Р. иштирок намуд.

Дар рафти “мизи муддавар” рӯнамои корҳои анҷомшудаи Лоиҳа дар нимсолаи аввали соли 2019 ва иқдомҳои баъдии татбиқи он баргузор шуд. 

Кумита дар чаҳорчубаи лоиҳаи муштарак барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи муштарак бо Бонки Рушди Осиё оид ба идоракунии хатари офатҳо дар сатҳи миллӣ барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадон чунин мешаванд: кормандон бояд ҳадди аққал дараҷаи бакалавр ва таҷрибаи корӣ дар як лоиҳаро дошта бошанд. Фаъолият дар яке аз лоиҳаҳои Бонки Рушди Осиё  афзалиятнок ҳисобида мешавад. Кормандон таҳти назорати роҳбари лоиҳаи Гуруҳ  кор мекунанд. Донистани забони  англисӣ талаб карда мешавад.

Кумита дар доираи Лоиҳа озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Бонки Рушди Осиё  оид ба идораи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ барои харидории воситаҳои нақлиётӣ дар асоси усули “шоппинг” озмун эълон мекунад. 

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 19-уми ноябри соли 2018.

Ҳуҷҷатҳоро барои ширкат дар озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи Лоҳутӣ 26 ирсол намоед.

Телефон барои тамос: (+992 372) 2272387, 2231015.

Страницы