Пешвои миллат: Дар чил соли охир аз таъсири гармшавии иқлим беш аз ҳазор пирях об шудааст
Чоп шуд: 26/12/2019 | adminКишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 - умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.